вазн — [وزن] а 1. вазнинии чизе, ки дар тарозу баркашида ва ё аз рӯи ҳаҷмаш муайян карда мешавад, сиқл, гаронӣ, сангинӣ: вазни сабук, вазни гарон 2. адш. андоза, ченаки шеър: вазни арӯз, вазни ҳиҷо; бар вазни… а) ба оҳанги…, ба зарби…; б) мувофиқи усули … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
донабаркаш — [دانه برکش] дона дона (якто якто) дар тарозу баркашида (фурӯхтани чизе) … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
кашида — [کشيده] 1. феъли ҳол ва сифати феълии замони гузашта аз кашидан 2. чизе, ки онро баркашида бошанд 3. дароз, баланд 4. кори дастии сӯзандӯзӣ ё мошинӣ, ки нақшҳоро аввал ба рӯи матоъ кашида, баъд бо нахҳои рангоранг медӯзанд; матои гулдӯзӣ… … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
қадоқхона — [قداق خانه] таър. коргоҳе, ки чой ва тамокуро дар вазнҳои гуногун баркашида, ба коғаз печонда, ба фурӯш тайёр мекарданд … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
мавзун — [موزون] а 1. кит. вазн карда, баркашида 2. вазну қофиядор; хушоҳанг; сухани мавзун киноя аз шеър 3. мутаносиб, шинам: қади мавзун, қомати мавзун; ҳаракати мавзун ҳаракатҳои ҳамоҳанг бо зарб ва усул ( и раққосӣ) … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
тарозу — [ترازو] асбоби баркашидани чизҳо, мизон; тарозуи каппон тарозуи паллакалони овеза барои баркашидани ғалла, пахта ва ғ. ; тарозуи мизон д. тарозуи мавҳуме, ки бо он тибқи ривоёти динӣ рӯзи қиёмат савобу гуноҳи мардумро бармекашанд; тарозуи мисқолӣ … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ